ХОҶАГИИ НИҲОЛПАРВАРИИ ВАҲДАТ 61-СОЛА ШУД
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба суханони директори Хоҷагии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат Шариф Шарифов, соли 1947 таъсис додани хоҷагии мазкур бесабаб набуд. Хоҷагӣ барои таъмини ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ба пойтахт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Ҳоло дар хоҷагии мазкур 23 номгӯй ниҳоли мевадиҳанда ва ороишӣ парвариш меёбад — Ниҳолпарварӣ ҳам заҳмати зиёд дорад. То аз тухм баровардану сабзонидан ва пайванд кардану ба харидор пешниҳод намудан 5 сол сипарӣ мегардад. Хоҷагӣ ба қувваи корӣ ниёз дорад. Ҳоло дар 30 га 33 нафар коргар кор мекунанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, соли гузашта хоҷагӣ ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ ниҳол ба савдо баровард,- иброз дошт Шариф Шарифов ба мухбири АМИТ «Ховар».








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






