И. САНГАЛИЕВ: «БО МАСЛИҲАТИ БАЪЗЕ «МУТАХАССИСОН» ЗАРАР ДИДЕМ»
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба суханони раиси Раёсати кооперативӣ- истеҳсолии ба номи Карим Исмоилови ноҳияи Ваҳдат Имомназар Сангалиев, соли ҷорӣ танҳо як намуди нақшаи истеҳсолӣ- нақшаи пахта иҷро нашуд, ки он ҳам сабабҳои субъективӣ дорад. Хоҷагӣ дорои 1002 гектар замини корам мебошад, ки дар майдони 380 гектари он пахта кишт карда шуда буд. Кишти пахта бо сабаби боронгариҳои баҳори соли ҷорӣ дер шуд. Дар чунин ҳол моро зарур буд, ки ба ҷойи пахта гандуми барвақтии баҳорӣ кишт намоем, аммо бо маслиҳати баъзе «мутахассисон» пахта кишт намуда, ба ҷойи фоида сахт зарар дидем. Агар мо майдони 380 га замини пахтаро барои кишти гандуми навъҳои серҳосили «Зироат- 70», «Садоқат» ва ё «Норман» истифода мекардем, 270 тонна гандуми тухмӣ ба даст меовардем ва аз он ба ҳисоби миёна 700 ҳазор сомонӣ маблағ фоида медидем.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






