ИМА БА АФҒОНИСТОН БОЗ 20 ҲАЗОР АСКАР МЕФИРИСТАД
Кобул, 6 декабр. ( АМИТ «Ховар» — ИТАР- ТАСС).- Муовини фармондеҳи ҷузъу томҳои ҳарбии ИМА дар Афғонистон Майкл Такер зимни сӯҳбат бо хабарнигорон зикр намуд, ки аз моҳи январи соли оянда сар карда ба Афғонистон ба таври илова 20 ҳазор аскар фиристода мешавад. Масъалаи ба Афғонистон фиристодани қисмҳои ҳарбӣ ба тадриҷан баровардани онҳо аз Ироқ вобаста мебошад. Қайд карда шуд, ки қисмҳои ҳарбии ИМА ва НАТО фасли зимистон ба мавқеъҳои силоҳбадастон бештар зарба мезананд. Айни ҳол дар ин мамлакат 32 ҳазор хизматчии ҳарбии ИМА ҷой дода шудааст. Хабар дода мешавад, ки Президенти ба тозагӣ интихобшудаи ИМА Барак Обама ва вазири мудофиа Роберт Гейтс зарурати ба Афғонистон фиристодани қисмҳои ҳарбии мамлакатро бевосита тарафдорӣ менамоянд.








Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт






