ИМТИЁЗҲО БАРОИ МАЪЮБОН ДАР КОДЕКСИ АНДОЗ
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Сардори Раёсати таҳқиқи проблемаҳои соҳаи иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов дар арафаи таҷлили Рӯзи байналхалқии маъюбон зикр намуд, ки дар Тоҷикистон ба шахсони маъюб баробари ҳамаи шаҳрвандони дигар дар бобати таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо ҳуқуқҳои баробар дода шудааст. Вале қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» бо сабаби набудани маблағ самарабахш истифода бурда намешавад. Инчунин дар мамлакат марказҳои барқарор сохтани саломатии маъюбон вуҷуд надоранд ва онҳо дар корхонаҳо бо кор таъмин карда намешаванд. Номбурда зикр намуд, ки шароити муассисаҳои махсуси табобати маъюбон ба талаботи имрӯза мувофиқ нестанд. Инчунин фаъолияти бисёр хона — интернатҳо бо сабаби набудани маблағ ниҳоят душвор гардидааст. Баъзеи онҳо барои бартараф сохтани душвориҳои моддӣ хоҷагиҳои ёрирасон ташкил намуда, бо парвариши чорвою мурғ, занбӯри асал ва ташкили гармхонаҳо машғул мешаванд. Ин тадбирҳо таъминоти маъюбонро бо озуқа то андозае беҳтар менамояд. Муовини сардори Раёсати таҳқиқи проблемаҳои соҳибкорӣ ва рушди сектори хусусии Маркази мазкур Баҳор Қамаров зикр кард, ки дар Кодекси андози Тоҷикистон барои маъюбон силсилаи имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла аз маблағи барои хизматрасонии маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм пешбинишуда андоз гирифта намешавад. Ин дар давоми як моҳ қариб ба 250 сомонӣ мерасад. Инчунин маъюбоне, ки кор мекунанд, аз пардохти андози арзиши илова озод карда шудаанд. Илова бар ин шахсони маъюб аз пардохти андози замин, андози хариди қитъаи замини назди ҳавлӣ ва қитъаи замин барои сохтани иморат низ озод мебошанд. Ба қавли коршиносони Марказ, ин шароитҳо барои фаъолияти фардии соҳибкорони маъюб шароити мусоид муҳайё месозанд.








Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд






