ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ҚУВВАИ БАРҚ АЗ ЭНЕРГЕТИКҲО ҚАРЗДОРАНД
Қӯрғонтеппа, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Кормандони муассисаи фурӯши барқи ноҳияи Қумсангир аз афзудани маблағи қарзи истифодабарандагони қувваи барқ изҳори ташвиш менамоянд. Роҳбари идораи мазкур Баҳриддин Шарифов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки қисми зиёди қарз аз ҳисоби истифода бурдани қувваи барқ ба хоҷагии об рост меояд. Хоҷагии мазкур аз энергетикҳо қариб 2 миллион сомонӣ қарздор аст. Хоҷагиҳои пахтакори ноҳия бештар аз 700 ҳазор сомонӣ ва корхонаи коркарди пахта зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ қарздоранд. Маблағи умумии қарзи қувваи барқи истифодашуда дар ноҳия қариб ба 3 миллион сомонӣ мерасад. Б.Шарифов зикр намуд, ки нисбати қарздорони ашаддӣ тадбирҳои маъмурӣ андешида мешаванд. Вобаста ба ин масъала ба прокуратура 23 ариза пешниҳод карда шуд, гуфт вай.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






