ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ҶТ АЗ БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ ОГОҲӢ М
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 12-уми декабри соли равон дар Душанбе дар мавзӯи «Таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон» семинари машваратӣ баргузор мегардад. Ҷамъомади мазкур бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Агентии иттилоотии «Азия плюс» гузаронида мешавад. Тавре дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров иттилоъ дод, дар кори семинар намояндагони институтҳои молиявии ҷумҳурӣ, Вазорати молия, Вазорати иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Институти тадқиқоти иқтисодӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард. Мақсади асосии гузаронидани ин чорабинӣ огоҳ намудани аҳолӣ аз бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, ҳамчунин, нозукиҳои ин масъала ва оқибатҳои он аст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






