ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ҶТ ОГОҲӢ МЕДИҲАД

Декабрь 11, 2008 16:50

Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). -12-уми декабри соли равон дар Душанбе дар мавзӯи «Таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон» семинари машваратӣ баргузор мегардад. Ҷамъомади мазкур бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Агентии иттилоотии «Азия плюс» гузаронида мешавад.  Тавре дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров иттилоъ дод, дар кори семинар намояндагони институтҳои молиявии ҷумҳурӣ, Вазорати молия, Вазорати иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Институти тадқиқоти иқтисодӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард. Мақсади асосии гузаронидани ин чорабинӣ огоҳ намудани аҳолӣ аз бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, ҳамчунин, нозукиҳои ин масъала ва оқибатҳои он аст.     

Декабрь 11, 2008 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд