ИЗҲОРОТИ ИМВАОМТ ВА ИЖТ РОҶЕЪ БА ЁДДОШТИ ФР ДАР ҶТ

Декабрь 29, 2008 11:19

          Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттиҳоди миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон вобаста ба зуҳуроти ихтилофангез дар байни сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзе ҳафтаномаҳои мустақили мамлакат изҳори ташвиш намуда, ҳар ду ҷонибро ба  сабру таҳаммул ва  баррасии  мусолиматомези мавқеъҳои ҳамдигар даъват менамоянд.  Сабаби рух додани  мухолифат пахши  ёддошти  сафорати Федератсияи Русия рӯзи 24 декабри соли 2008 дар матбуот ба унвони вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Дар ёддошти сафорати Русия гуфта мешавад, ки  баъзе нашрияҳои мустақили Тоҷикистон  аз ҷумла «ФК-капитал», «СССР», «Нигоҳ», «Миллат» ва  «Фараж» ба унвони роҳбарияти баландпояи Русия ва сиёсати берунии он «хабарҳои бардурӯғ ва  суханони беадабона» чоп кардаанд. Дар ёддошт ба инъикоси мавзӯи коргарони муҳоҷир, шароити зиндагӣ ва кори мардикорони тоҷик дар қаламрави Русия дахл карда мешавад.            «Вале  мазмуну мундариҷа ва оҳанги ёддошти сафорати Русия, ки  дар он «қабули тадбирҳои таъҷилӣ ва таъхирнопазир барои роҳ надодан ба  пахши чунин хабару мақолаҳо дар матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад, комилан нораво буда ба  меъёрҳои байналхалқии озодии сухан  ва воситаҳои ахбори оммавӣ мухолиф мебошад»,- гуфта мешавад дар изҳороти раиси Иттифоқи  журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ва раиси Иттиҳоди миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев. Онҳо таъкид менамоянд, ки  журналистони Тоҷикистон ба  сатҳи  имрӯзаи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва  Федератсияи Русия баҳои баланд дода, дар баробари ин  ба хубӣ дарк менамоянд, ки  масъалаи  муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи коргарони муҳоҷир дар мамлакатҳои қабулкунанда хеле муҳим буда, аҳамияти калон иҷтимоӣ дорад. Сабаби таваҷҷӯҳи калони воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон ба  инъикоси  ин мавзӯъ ҳамин аст. Ҳадафи онҳо мусоидат ба  андешидани тадбирҳои самарабахши  ҳалли  мусбати масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар сатҳи роҳбарияти олии  Русия ва Тоҷикистон мебошад.        Бинобар ин  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва  Иттиҳоди  миллии  воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон кормандонии сафоратхонаи Федератсияи Русияро даъват мекунанд, ки  ба проблемаи мазкур муносибати хайрхоҳона зоҳир карда, ба имзои созишномаи байниҳукуматии  Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар масъалаи  ҳифзи ҳуқуқи коргарони муҳоҷир мусоидат намоянд. «Мо  боварии комил дорем, ки    муҳоҷирати меҳнатӣ ба манфиати ҳар ду мамлакат мебошад. Роҳбарони воситаҳои ахбори оммавӣ дилпур карда мешаванд, ки   ҳамаи  ташаббусҳои онҳо дар бобати  баррасии  масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ дар саҳифаҳои матбуот, дар телевизион ва радио дар чаҳорчӯбаи қонун аз ҷониби Иттифоқи журналистон ва  Иттиҳоди миллии  воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд.        Мо ҳамзамон ҳамкасбони худро даъват менамоем, ки  дар ин масъала оқилона рафтор карда, ба  меъёрҳои одоби журналистӣ зимни инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ риоя кунанд», — гуфта мешавад дар изҳрот.

Декабрь 29, 2008 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест