КӮДАКОНИ МАЪЮБ РАМЗҲОИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОНРО СОХТАНД
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз бо дастгирии Китобхонаи миллии ҶТ ба номи А. Фирдавсӣ намоиши асарҳои кӯдакони эҷодкор бо номи «Меҳрубонӣ ва хайрхоҳӣ» ифтитоҳ гардид. Дар намоиш тасвиру мусаввараҳои қариб 30 нафар кӯдаки маъюб ва рӯҳан носолим ба маърази тамошо гузошта шуд. Ин кӯдакон тарбиятгирандагони Маркази ҷумҳуриявии солимгардонии кӯдакон буда, бо ҳамроҳии мураббии худ Андрей Сметанкин аз зарфҳои пластикӣ нигораҳои ҷолиб, аз ҷумла рамзҳои давлатии Тоҷикистон, кураи замин ва дигар ашёҳоро сохтаанд. Дар намоиши кӯдакон намояндагони вазоратҳои фарҳанг, маориф, ҳифзи муҳити зисти ҶТ иштирок намуда, ба кӯдакони маъюб тӯҳфаҳои солинавӣ ва барномаи консертӣ тақдим намуданд. Андрей Сметанкин ба ташаббускорони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуда, чунин иброз дошт: «Кӯдакони маъюб дар баробари дигар кӯдакони солим дар Соли Нав мӯъҷизаро интизоранд ва имрӯз ба шарофати Китобхонаи миллӣ орзуҳои солинавии онҳо ҷомаи амал пӯшид». Бояд зикр намуд, ки намоиш то 30-юми декабр идома хоҳад ёфт.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






