КӮМАКИ ҚАҲРАМОНИ ҶАНГ БА МУХБИРИ ТОҶИКТА
Ин воқеа айёме рух дод, ки ман дар шаҳри Маскав дар яке аз шӯъбаҳои ТАСС таҷриба меомӯхтам. Ҳамон вақт ду карат Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, генерали машҳур Павел Иванович Батов, ки дар вазифаи раиси Кумитаи ветеранҳои ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ кор мекард, гурӯҳи иштирокчиёни ҳаракати муқовимати Фаронсаро ба ҳузур пазируфта буд. Дар бораи ин мулоқот мебоист яке аз кормандони ТАСС хабар медод. Вале ҳамон лаҳза дар идора ягон хабарнигор набуд. Роҳбарони шӯъба ба хотир оварданд, ки мухбири ТоҷикТА ҳамон рӯзҳо дар ин ҷо таҷриба меомӯзад. Ҳамон таҷрибаомӯз ман будам ва котиби масъули саридораи иттилооти иттифоқии ТАСС Людмила Ермакова маро ба ҳузураш даъват карда, супориш дод, ки дар бораи мулоқоти П.Батов бо иштирокчиёни ҳаракати муқовимати Фаронса дар Кумитаи ветеранҳои ҷанг хабар нависам. Вай ба ман маслиҳат дод, ки ба генерал Батов муроҷиат накунам. Беҳтараш ба А.Мересйев муроҷиат кун, — гуфт вай. – Мересйев ҳамаи маълумотро ба ту медиҳад. Ман аз бинои ТАСС баромада, бо таксӣ ба сӯи Кумитаи ветеранҳои ҷанг равон шудам ва раҳораҳ нақшаи мулоқотамро бо қаҳрамони повести Борис Полевой «Достони марди ҳақиқӣ» тарҳрезӣ намудам. Ин ҳамон шахсест, ки бо ҳавопаймои худ дар аввали ҷанг бисёр ҳавопаймоҳои душманро сарнагун сохтааст. Немисҳо моҳи апрели соли 1942 ҳавопаймои ӯро зада ғалтонданд. А.Мересйев дар натиҷаи ба замин афтодани ҳавопаймо маҷрӯҳ шуд. Вай 18 шабонарӯз хазида ва гавак кашида, аз иҳотаи душман баромад. Ӯро аз марг сокинони кадом як деҳа наҷот доданд. Вале пойҳои А.Мересйевро хунук зада буд, бинобар ин духтурон ҳар дуи пои ӯро аз зону поён буриданд. Баъд ба А.Мересйев лозим омад, ки ба пойҳои сунъӣ одат кунад. Мересйев баъди табобат боз ба фронт баргашта, 86 маротиба парвоз кард ва 11 ҳавопаймои немисҳоро зада ғалтонд. Ӯтоқи кории генерал Батов хеле васеъ буд. Дар гирди он худи генерал ва меҳмонон менишастанд. Шахси дар паҳлӯи генерал нишаста, баъди шиносоӣ ба ман ишора кард, ки дар паҳлӯяш нишинам. Ман мехостам, дар рафти сӯҳбат ба ӯ чанд савол диҳам. Аммо вай оҳиста изҳор намуд, ки маълумоти заруриро баъди анҷоми мулоқот ба ман хоҳад дод. Дар гирди миз ғайр аз Батов ва Мересйев 7 нафар низомии баландпояи фаронсавӣ менишастанд. Зимни сӯҳбат сухан дар бораи он рафт, ки баъди суст гардидани ҳуҷуми фашистон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Фаронса ҳаракати муқовимат авҷ гирифт. Батов суханони меҳмононро бо диққат гӯш мекард. Онҳо нақл карданд, ки аскарону афсарони шӯравӣ бо хизматчиёни ҳарбии фаронсавӣ чӣ тавр якҷоя ба муқобили фашистон мубориза бурдаанд. Мусоҳибон баъдан дар бораи муносибатҳои бародаронаи аскарону афсарони Шӯравию Фаронса сухан ронданд. Баъди чанд лаҳза А.Мересйев аз ҷояш хеста, берун баромад. Ман аз қафояш ба рафтори ӯ нигоҳ карда, бо тааҷҷуб андеша кардам, ки ҷи тавр бо пойи чӯбин налангида, бо қадамҳои низомӣ роҳ мегардад. Вай баъди тахминан даҳ дақиқа баргашта, як даста қоғазро ба назди ман гузошт ва гуфт, ки дар бораи ин мулоқот дар ҳамин ҷо ҳамаи маълумот дода шудааст. Баъди анҷоми мулоқот Батов баромада рафт. Ман ҳамроҳи Алексей Мересйев бо меҳмонон ҳамсӯҳбат шудем. Тарҷумон саволҳои моро ба меҳмонон тарҷума мекард ва онҳо ба ин саволҳо ҷавоб медоданд. Ман дар охир бо меҳмонон ва Мересйев хаӣру хуш карда, баргаштанӣ шудам ва гуфтам, ки хабарро таъҷилӣ супоридан лозим аст. Ҳамин лаҳза яке аз меҳмонони фаронсавӣ ба мӯи сафеди ман ишора карда, пурсон шуд, ки дар ҷанг иштирок кардам ё не. Ман ба меҳмонон дар бораи иштирокам дар муҳорибаҳои ҷанг мухтасар маълумот додам. Сипас меҳмонони фаронсавӣ ба ман савол додан гирифтам. Ба саволҳои онҳо ҷавоб дода, ба сӯи ТАСС роҳ пеш гирифтанд. Хабарро дар муддати кӯтоҳ ба осонӣ навиштам ва он ба воситаи ТАСС паҳн карда шуд. Аз мулоқот ва шиносоӣ бо генерал Батов ва хусусан Алексей Мересйев таассуроти калон ҳосил кардам. Симои Мересев то имрӯз дар хотири ман ҳамчун «марди хақиқӣ» нақш бастааст.