КӮМАКИ КОМИССИЯИ АВРУПО БА АҲОЛИИ ВОДИИ ЗАРАФШОН
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Созмони кишоварзии Олмон дар доираи барномаи Комиссияи Аврупо таҳти унвони «Муҳити зист ва идораи самарабахши захираҳои табиӣ, аз ҷумла, манбаъҳои қувваи барқ» ба аҳолии водии Зарафшон барои мавриди истифода қарор додани манбаъҳои барқароршавандаи энергия кӯмак мерасонад. Созмони мазкур дар ин ҷо барномаро бо номи «Самаранокии истифодаи энергия дар хоҷагиҳои шахсӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» — ро амалӣ месозад. Барномаи мазкур аз 1 январи соли 2009 оғоз ёфта, то моҳи июни соли 2011 давом мекунад. Ҳадафи асосии ин барномаҳо беҳтар сохтани шароити зиндагии аҳолии камбизоати ду ноҳияи водии Зарафшон — ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад. Барои иҷрои барнома бештар аз 805 ҳазор евро ҷудо карда шудааст. Ин маблағ асосан барои истифода бурдани манбаъҳои ғайримуқаррарии қувваи барқ дар хоҷагиҳои шахсӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ сарф карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






