КӮМАКИ КОМИССИЯИ АВРУПО БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Дар байни Комиссияи Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории дуҷониба ба маблағи 14 миллион евро бо мақсади дастгирии ҷараёни ислоҳоти фаъолияти Ҳукумати мамлакат Созишномаи дуюми молиявӣ имзо шуд. Ин ҳуҷҷат созишномаи аввалиро пурратар мегардонад, ки моҳи январи соли равон ба маблағи 9 миллион евро имзо шуда буд. Тибқи ин созишномаҳо, ба Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаҳои муқаррар намудан, идора кардан ва таъмини самаранокии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ кӯмаки молиявӣ расонда мешавад. Дар асоси созишномаҳо дар давоми ду соли оянда ба Тоҷикистон барои дастгирии буҷет 17,5 миллион евро кӯмак расонда мешавад. 5,5 миллион евро баъдан ҳамчун кӯмаки техникӣ дода хоҳад шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳадафи имзои созишнома расондани кӯмак ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






