«КИМЁГАРИ ДУРРИ ДАРӢ»-И ЯКУНИМСОЛА БА ДУНЁ ОМАД
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Кимёгари дурри дарӣ». Чунин ном дорад китоби донишманди тоҷик Мирзо Шукурзода, ки ба тозагӣ онро нашриёти «Деваштич» бо теъдоди 500 нусха аз чоп баровард. Китоби мазкур аз бахшҳои гуногун, ба мисли «Ошиқи паричеҳраи форсӣ», «Ҷовидон пайванд», «Кимёгари дурри дарӣ» иборат аст. Дар китоб сухан дар бораи яке аз шахсиятҳои шинохтаи фарҳангии Эрон Алиасғари Шеърдӯст меравад, ки алҳол Сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Тавре муаллифи асар Мирзо Шукурзода мегӯяд, таълифи китоби мазкур якуним сол қабл оғоз гардида, дар он нақши Алиасғари Шеърдӯст дар тақвияти робитаҳои илмию фарҳангии ду кишвари форсизабон — Тоҷикистону Эрон хеле барҷаста таҷассум ёфтааст. Хонандагон метавонанд аз китоб мақолаҳои донишмандони шинохтаи тоҷик Худоӣ Шарифзода — «Чамани бозёфта», Мирзо Муллоаҳмадов — «Озарбойҷон дар чашмандози илмии А. Шеърдӯст», Абдулманнон Насриддин — «Фарзанди Хуҷанду Табрез», Шаҳобиддини Шуҷоъ — «Доктор Шеърдӯст ва Шаҳриёри шеъри Эрон»-ро низ мутолиа намоянд. Ҳамчунин, дар китоб феҳристи асарҳои А. Шеърдӯст роҷеъ ба илму фарҳанги тоҷик, аксҳо ҳангоми сафарҳояш ба Тоҷикистон ва дидору мулоқоташ бо шахсиятҳои барҷастаи тоҷик гирд оварда шудааст. Китоб барои доираи васеи хонандагон пешниҳод гардидааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






