КИТОБИ СИЁСИВУ ФАРҲАНГӢ ВА ИҶТИМОИИ ПРОФЕССОР АЗ ЧОП БАРОМАД

Декабрь 15, 2008 14:59

         Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Нашриёти «Деваштич» китоби нави доктори илмҳои филология профессор Худойназар Асозодаро аз чоп баровард. Китоб «Достони зиндагӣ» ном дошта, ҷилди сеюми хотираҳои давраи донишгоҳи муаллиф мебошад, ки бо сабки равону дилчасп қаламдод шудаанд. Дар ин китоб хонанда бо воқеаҳои сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоии даҳ соли охири асри XX ва як қатор чеҳраҳои хотирмони ин солҳои пурошӯб ошно мегардад. Бояд зикр намуд, ки Худойназар Асозода дар баробари таълифи асарҳои илмӣ ба навиштани китобҳои оммавию маърифатӣ ҳам машғул аст. «Зиёрати Каъбатуллоҳ», «Ёде аз дӯсти ҷавонмардам», «Афғонистони шоҳӣ», «Афғонистони инқилобӣ» аз беҳтарин намунаҳои насри мустанади ӯ мебошанд.

Декабрь 15, 2008 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид