КОҲИШИ ИНТИҚОЛИ ГАЗИ ӮЗБЕКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 27 декабр.(АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Ширкати «Ӯзтрансгаз» интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон бо сабаби напардохтани маблағи қарзи он хеле кам кард. Тоҷикистон алҳол аз Ӯзбекистон аз ҳисоби интиқоли гази табиӣ 12 миллион доллари ИМА қарздор мебошад. Хабар дода шуд, ки ҳаҷми интиқоли газ аз Ӯзбекистон айни ҳол 30 фоиз кам шудааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, танҳо Маркази барқу гармидиҳии Душанбе аз «Тоҷикгаз» 20 миллион сомонӣ қарздор аст. Ширкати «Ӯзтрансгаз» ҳафтаи гузашта дар бораи боло рафтани нархи газ огоҳинома фиристод. Ширкати мазкур аз Тоҷикистон талаб кардааст, ки ба ивази ҳазор метри мукааб газ 300 доллар пардозад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






