КОҲИШИ ВУРУДИ МАБЛАҒ БА ИҚТИСОДИЁТИ ҶТ ЗАРАР МЕРАСОНАД
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд пешбинӣ мекунад, ки ҳаҷми интиқоли пул аз коргарони муҳоҷир ба Тоҷикистон дар давоми соли 2009 дар натиҷаи бӯҳрони шадиди молиявии мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ хеле кам хоҳад шуд. Ин пеш аз ҳама ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Молдавия зарари калон расонда метавонад. Зеро дар ин мамлакатҳо ба вуруди пул аз ҳисоби коргарони муҳоҷир диққати калон дода мешавад. Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ дар давоми 9 моҳи соли 2008 коргарони муҳоҷир ба воситаи бонкҳо ба Тоҷикистон бештар аз 2 миллиард доллари ИМА пул фиристоданд. Ин 36 фоизи ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилии мамлакатро ташкил медиҳад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






