КОЛЛЕҶИ МОЛИЯВӢ 13 ҲАЗОР МУТАХАССИС ТАЙЁР КАРДААСТ
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Коллеҷи молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе 35 сол боз ба тарбияи мутахассисони соҳаи молия машғул аст. Дар ин коллеҷ мутахассисони соҳаи бонкӣ, суғурта ва андоз тайёр карда мешаванд.Дар давоми фаъолияти 35-солаи худ коллеҷ барои соҳаҳои зикршуда беш аз 13 ҳазор мутахассис тайёр кардааст. Ҳоло коллеҷ аз рӯи ихтисосҳои «Баҳисобгирии муҳосибӣ, ташхис ва назорат», «Тавозун ва баҳисобгирии тавозун», «Кори суғурта», «Андоз ва андозбандӣ» кадрҳои баландихтисос тайёр мекунад.- Дар коллеҷ 10 тавсияи истифодаи меъёрҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҷорӣ шудааст,- иброз доштанд дар Вазорати молия ба мухбири АМИТ «Ховар».








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






