КОРҲОИ БАРҚАРОРСОЗӢ ДАР ВАҲДАТ, ФАЙЗОБОДУ РОҒУН БА АНҶОМ РАСИД
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- 6-уми декабри соли 2005 дар натиҷаи гузаронидани озмун байни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ва ширкати «Fаюр» барои сохтмони роҳи Кабудҷар бо маблағи 1,689,556,47 сомонӣ шартнома ба имзо расид. Ин маблағ аз ҳисоби «Лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе — сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, фазаи якум» пардохта мешавад. То имрўз корҳои сохтмонӣ ба маблағи 1,55 млн. сомонӣ иҷро гардида, 1,42 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз 7 км пайроҳа сохтмони 6,94 километраш ба анҷом расидааст. Корҳои заминканӣ идома дошта, то пайваст шудан ба роҳи асосӣ 52 метр мондааст. Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ бошад, бо ширкатҳои «Кӯпруксоз-32», «Сохтмони роҳҳо» ва «Компания Роҳсоз-7» шартнома ба имзо расидааст. Айни ҳол корҳои барқарорсозӣ дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун ба анҷом расидааст. Барои таъмири роҳи шаҳри Ваҳдат миёни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати маҳаллии «Компания Роҳсоз-7» шартнома ба имзо расида буд. Дар ин минтақа то имрӯз корҳои таъмирсозӣ ба маблағи 504 304,37 сомонӣ иҷро гардида, аз 1,3 км роҳ 0,51 километраш мумфарш карда шудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






