КОРМАНДОНИ «БОНКИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН» ДАРСҲОИ ОМӮЗИШӢ ГУЗАШТАНД
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Гурӯҳи кормандони «Бонки рушди Тоҷикистон» дар Маркази таълимии ҶСП «Маркази Технологияи Молиявӣ» дарсҳои омӯзишӣ гузаштанд. Барномаи омӯзишӣ самти идоракунии Низоми таъминоти барномавии «IB System Object»-ро дар бар дошт. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, омӯзиши гурӯҳи аввал иборат аз мутахассисони Бонк оид ба технологияи иттилоотӣ (ТИ) дар Маркази таълимии ЦФТ дар шаҳрҳои Москва ва Новосибирск гузашт. Дарсҳои омӯзишии гурӯҳи дуюм иборат аз мутахассисони соҳаи Бизнес дар Маркази омӯзишии ЦФТ дар шаҳри Новосибирск гузашт. Ғайр аз ин, мутахассисони Бонк оид ба ТИ дарсҳои иловагиро дар мавзӯи таҷҳизоти серверии истеҳсоли Ширкати «DELL» дар Маркази омӯзишии ҶММ «МироМИКС Юнайтед» (ш. Киев, Украина) гирифтанд. Ҷорикунии барномаҳои Маркази Технологияи Молиявӣ (ЦФТ) ба Бонк имконият медиҳад, ки дар оянда тамоми фаъолияти амалиётӣ, ҳисоботӣ ва идоракуниро дар фазои ягонаи иттилоотӣ амалӣ гардонад. Омӯзонидани кормандон ба Бонк имконият медиҳад, ки Лоиҳаи «Ҷорикунии маҷмаъи барномавии ЦФТ дар ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон»» самаранок амалӣ гардонида шавад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






