М. БА УБАЙДУЛЛОЕВ БО САФАРИ РАСМӢ ЧИН РАФТ

Декабрь 1, 2008 15:22

          Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Субҳи 1-уми декабри соли 2008  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафт. Тибқи иттилои ёвари раиси палатаи болоии парлумони мамлакат Шавкат Саидов,  сафари Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Чин то 6 –уми декабр идома меёбад. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон зимни сафар ба Чин бо роҳбарони воломақоми Чин, аз ҷумла Раиси Кумитаи Доимии Маҷлиси Умумихитойии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин У Банго, президенти ЭКСИМБОНК Ли Жогу, Раиси Кумитаи Доимии шаҳри Шанхай Лю Юнгин дидору мулоқот намуда, масъалаҳои  ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Чинро баррасӣ менамояд. Зимни ин сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Маҳмадсаид Убайдуллоевро раисони кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 

Декабрь 1, 2008 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид