М. УБАЙДУЛЛОЕВ ДАР КИТОБИ ТЕАТРИ МИЛЛИИ ПЕКИН СОЯДАСТ ГУЗОШТ
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар чаҳорчӯбаи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, 3-юми декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убйдуллоев Театри миллии Пекинро тамошо карда, ба ҳайси ташрифоварандаи ифтихорӣ соядасти худро дар китоби Театр гузошт. Тавре ёвари Раиси палатаи болоии парлумони мамлакат оид ба робита бо ВАО ва СҒД Шавкат Саидов аз Пекин ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, М. Убайдуллоев бо муовини раиси Комиссияи доимии Маҷлиси умумихитойии намояндагони халқ, академик Лу Юнсян мулоқот карда, масъалаҳои тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуданд. Онҳо ба сатҳи муносибатҳои гуногунсоҳаи ҳар ду кишвари дӯст, бахусус робитаҳои байнипарлумонӣ баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, имрӯз мулоқоти М. Убайдуллоев бо президенти «Эксимбонк» Ли Жогу ва раиси Комиссияи доимии Маҷлиси умумихитойии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин У Банго дар назар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






