М. УБАЙДУЛЛОЕВ ДАР НАЗДИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ДУШАНБЕ ҲИСОБОТ МЕДИҲАД
Душанбе, 10 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 25 декабри соли 2008 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм баргузор мегардад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи рӯзномаи иҷлосия раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев дар назди вакилон доир ба иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе, дар соли 2008, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт барои соли 2009 ҳисобот медиҳад. Ҳамчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор масъалаҳои вобаста ба рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахтро баррасӣ менамоянд. Дар анҷоми иҷлосия як қатор қарорҳои раиси шаҳри Душанбе тасдиқ карда мешаванд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






