М. УБАЙДУЛЛОЕВ: «РАИСҲО, НАЗОРАТРО ПУРЗӮР НАМОЕД!»
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо мақсади тақвияти нақши институти ҷамъиятӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи риояи фарҳанги шаҳрдорию шаҳрнишинии сокинони пойтахт, моҳҳои январ, феврал ва март дар пойтахт интихоботи озоду кушоди раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо доир карда мешавад,- зикр гардид дар ҷаласаи навбатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд. Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дахли масъалаи риояи қонунгузории кишвар оид ба танзими расму оин, фаъолияти комиссияҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо дастур дод, ки ҷиҳати камхарҷ гузаронидани маъракаҳо назоратро пурзӯр намоянд. Инчунин, барои сазовор истиқбол гирифтани Соли нави мелодии 2009 ва таъмини иҷрои нақшаҳои дахлдори роҳбарияти пойтахт, раиси шаҳр ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт супориш дод, ки дар ҷойҳои баргузории чорабиниҳои идона баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокдорон тамоми чораҳои заруриро андешанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






