МАҲФИЛИ ШЕЪРУ СУРУД
Душанбе, 5 декабря. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз соати 15. 00 дар Муассисаи давлатии «Кохи Ҷомӣ» маҳфили шеъру суруди шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб бо номи «Меҳрнома» баргузор мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, маҳфил ба ҳаёту эҷодиёти шоири ширинкалом Муҳаммад Ғоиб бахшида мешавад. Дар он ҳунарпешагони маъруфи ҷумҳурӣ Саидқул Билолов, Мастона Эргашева, Маликаи Саидзод, Ибодулло Машрабов ва ҳунарпешагони Театри давлатии ба номи «А. Лоҳутӣ» иштирок намуда, аз эҷоди шоир намунаҳо иҷро мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






