МАҲСУЛОТИ КДММ «ШАРБАТҲО» ХАРИДОРИ ЗИЁД ДОРАД

Декабрь 26, 2008 10:50

            Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Тибқи иттилои раиси КДММ «Шарбатҳо» Мирзоалӣ Холов, корхонаи мазкур соли чорум аст, ки ба истеҳсоли шарбату консерва машғул аст.            Корхона бо Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ дорад. Он бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Айни замон корхона 18 навъи маҳсулоти шарбатию консервакардашудаи меваю сабзавотро ба роҳ мондааст. Корхона танҳо дар соли 2007 ба Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ маводи хӯрока, аз ҷумла, шарбати помидор, консерваи пиёзи анзур, бодиринг ва мураббои себу зардолу ба фурӯш баровард.            Имсол бошад, маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона нисбат ба соли 2007 хеле зиёд аст ва харидори бештар дорад.

Декабрь 26, 2008 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад