МАРҲИЛАИ СЕЮМИ БАРНОМАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲО БАРОИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев ва мутахассиси шӯъбаи барномаҳои таълимии Агентии Ҳамкориҳои Байналхалқии Ҷопон Сато Мутсуми вохӯрӣ баргузор шуд. Ҷонибҳо Лоиҳаи «Марҳилаи сеюми барномаи тайёр намудани кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро баррасӣ намуданд. Мақсади тайёр кардани кадрҳои ин Лоиҳа ҳамкорӣ дар самти тайёр намудани ҷавонон дар соҳаи хизмати маъмурии давлатӣ ва мутахассисони ҷавонест, ки дар ватани худ вазифаи роҳбариро барои таҳия ва дар амал татбиқ намудани нақшаҳои иҷтимоию иқтисодии тараққиёт дар асри 21 амалӣ менамоянд. Дар ҷамъбасти вохурӣ ҷонибҳо Лоиҳаи «Марҳилаи сеюми барномаи тайёр намудани кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҳаматарафа ҷонибдорӣ ва дастгирӣ намуданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






