МАРДУМ БО МАҲСУЛОТИ ШИРӢ САД ФОИЗ ТАЪМИН МЕШАВАНД?
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфтаи раиси ноҳияи Ҷиргатол Асламбек Абдураҳмонов, ноҳия на фақат бо истеҳсоли картошка, балки дар истеҳсоли ғаллаю соҳаи чорводорӣ ҳам ба муваффақият ноил гардидааст. Солҳои охир ба парвариши чорво низ таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад. Айни замон бо назардошти ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ноҳия беш аз 121 ҳазор сар чорвои майда ва 20 ҳазор сар чорвои калони шохдор парвариш меёбад. Наслгирӣ ҳам дар соли ҷорӣ чандон бад нагузашт. Дар ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107 фоиз гӯсола ва 122 фоиз зиёд барраю бузича гирифта шудааст. Ният аст, ки фермаҳои калони чорводорӣ ташкил карда, дар назди фермаҳо сехҳои коркади шир сохта шавад. Танҳо бо чунин роҳ мумкин аст мардумро бо маҳсулоти ширӣ 100 фоиз таъмин кард,- иброз дошт Асламбек Абдураҳмонов.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






