МАРКАЗИ НАВИ ТАЪЛИМИИ ДУХТУРОН

Декабрь 27, 2008 12:45

Қӯрғонтеппа, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дирӯз дар деҳаи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон маркази такмили маҳорати духтурон кушода шуд. Дар  маросими кушодашавии он  муовини сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова, раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов ва вазири тандурустии ҷумҳурӣ  Нусратулло Салимов ширкат варзиданд. Н.Салимов  изҳор намуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон 1500 духтур ва  3100  хоҳари шафқат кор мекунад. Қайд карда шуд, ки  маркази мазкур дар миқёси вилояти Хатлон ягона аст ва духтурон дар ин ҷо маҳорати худро такмил хоҳанд дод.Марказ бо  асбобу анҷом ва техникаи тиббӣ  муҷаҳҳаз мебошад. Компютерҳои он бо шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст карда шудаанд. Китобхонаи он дорои теъдоди зиёди адабиёти тиббӣ  мебошад. Дар бино барои истиқомати муваққатии шунавандагони курсҳо чанд ҳуҷра ҷудо карда шудааст. Ба  муассисаҳои тиббии вилоят  дар давоми сол  20 мошин тӯҳфа карда шуд.

Декабрь 27, 2008 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд