МАСЪАЛАИ СОХТМОНИ РОҲИ ОҲАНИ СЕ КИШВАР МАТРАҲ ШУД

Декабрь 29, 2008 15:04

            Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Баъди супоридани эътиборнома ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай, Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шарофиддин Имомов бо ноиби президенти ин кишвар Карим Халилӣ мулоқот кард.          Хабаргузории миллии Афғонистон — «Бохтар» иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд. Таваҷҷӯҳи ҷонибҳо асосан ба масъалаи сохтмони хати роҳи оҳан байни се кишвари форсизабон -Тоҷикистон-Афғонистон ва Эрон ҷалб гардид.          Бояд тазаккур дод, ки ин масъала ду сол боз дар маркази диққати  се кишвари ҳамҷавор қарор дорад. Сохтмони роҳи оҳан имкон медиҳад, ки табодули мол байни ин давлатҳо густариш ёбад. Инчунин, барои Тоҷикистон имкон фароҳам меояд, ки молу маҳсулот то ба Халиҷи Форс ва аз он ҷо ба дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва давлатҳои Араб бароварда шавад.         Ба андешаи коршиносон, сохтмони роҳи оҳан ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва табодули мол байни на танҳо се давлати ҳамсоя, балки дигар кишварҳои минтақа такони ҷиддӣ мебахшад. Масъалаи мазкур зимни мулоқоти сарони се кишвари форсизабон — Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Маҳмуд Аҳмадинажод тобистони соли 2008 дар Душанбе баррасӣ шуда буд. Бояд зикр кард, ки қитъаи хати роҳи оҳан аз ҷониби Эрон то марзи Афғонистон сохта шудааст. 

Декабрь 29, 2008 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид