МАШВАРАТ ДАР ҲУЗУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Декабрь 10, 2008 15:12

        10 декабри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроия ва Мушовирони давлатии Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор оид ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2008 ва муайянсозии нақшаҳо барои соли 2009 машварати корӣ анҷом дод.          Таваҷҷўҳи махсус ба иҷрои Буҷети давлатии соли 2008 зоҳир гардид. Дар ин бора ахбори вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, Раиси Кумитаи андоз Ҳаким Солиев ва Сардори Хадамоти гумрук Гурез Зарипов шунида шуд.          Аз ҷумла зикр гардид, ки дар 11 моҳ ба  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  4 миллиарду 536,5 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи даромадҳо 311 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2007   1 миллиарду 435,5 миллион сомонӣ зиёд аст.           Дар ҳамин давра нақшаи пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ мутаносибан ба андозаи  106,3 ва 126,2 дар сад иҷро шудааст.            Оид ба натиҷаҳои пешрафти энергетикию саноатӣ гузориши Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ шунида шуд. Таъкид гардид, ки сохтмони нерўгоҳҳои обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқ, барқарорсозии корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав ва дигар корҳо мувофиқи нақша идома доранд.               Ба иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ, аз ҷумла дар майдони 170 ҳазор гектар гузарондани кишти тирамоҳии ғалладона, омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва тайёр кардани 160 ҳазор гектар заминҳои обӣ барои кишти такрорӣ низ таваҷҷўҳи хос зоҳир карда шуд. Дар ин бора Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов гузориш дод.             Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва  роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо баҳри ҷамъбасти натиҷаҳои сол ва банақшагирии дурусти корҳо барои соли оянда дастуру супоришҳои мушаххас дод.           Ҳамчунин оид ба пешгирӣ аз сўхтор ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар арафаи соли нави мелодӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусан муассисаҳои таълимию тандурустӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.          Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Декабрь 10, 2008 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд