МУҲОКИМАИ ЛОИҲАИ МЕДАЛИ ИДОНА БАХШИДА БА 65 – СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Гурӯҳи коршиносони ИДМ имрӯз дар шаҳри Минск лоиҳаи қарорро дар бораи тартиби тайёр кардани медали ягонаи идона ба шарафи «65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945» муҳокима мекунад. Медали мазкур барои ҳамаи мамлакатҳои ИДМ дар Федератсияи Русия мувофиқи фармоиши мамлакатҳо тайёр карда мешавад. Бо ин медал иштирокчиён, ветеранҳои ҷанг ва шахсони дигари бо онҳо ҳуқуқи баробардошта мукофотонида хоҳанд шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шакли медал давра буда, дар қафои он «65 — солагии ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941 — 1945» навишта шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Тарҷумон — Қудратов А.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






