МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ АФҒОНИСТОН ДАР ФАРОНСА
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо даъвати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Бернар Кушнер ба ин мамлакат рафт. Ӯ дар ин ҷо дар машварати бахшида ба ҳамкории минтақавии Афғонистон бо мамлакатҳои ҳамсоя иштирок хоҳад кард. Дар машварат вазири корҳои хориҷии Давлати Исломии Афғонистон, намояндаи махсуси муншии умумии СММ ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакатҳои ҳамсояи Афғонистон иштирок мекунанд. Ҳамрохон Зарифӣ дар муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои бамиёнгузошташуда фаъолона иштирок хоҳад кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар машварат масъалаҳои тақвияти мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, мубориза ба муқобили хариду фурӯши гайриқонунии маводи нашъадор ва аз ҷиҳати иқтисодӣ танҳо гузоштани Афғонистон баррасӣ карда мешаванд. Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафар бо вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои дигар силсилаи мулоқоту сӯҳбатҳо анҷом хоҳад дод.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






