МУЛОҚОТ ДАР АРМАНИСТОН
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). – Дар пойтахти Белорусия мулоқоти нахустини кории роҳбарони сохторҳои байналхалқию ҳуқуқии мақомоти марзбони давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти марзбони Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Россия, Тоҷикистон ва Хадамоти ҳамоҳангсози Шӯрои фармондеҳони ҷузъу томҳои марзбон иштирок намуданд. Дар мулоқот самтҳои фаъолият ва нақшаи ҳамкории сохторҳои байналхалқию ҳуқуқии мақомоти марзбони давлатҳои ИДМ барои амалӣ сохтани сиёсати мувофиқашудаи марбут ба масъалаҳои сарҳад муҳокима шуданд. Мулоқоти ояндаи роҳбарони сохторҳои байналхалқию ҳуқуқии мақомоти марзбони давлатҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2009 дар Арманистон баргузор мегардад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






