МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛИ РАХМОН БО ДЭВИД РОБСОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти ширкати «Тетис Тоҷикистон Лимитид» Дэвид Робсонро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории ин ширкат бо Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷи газу нафт баррасӣ шуд. Дэвид Робсон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаи омӯзиши конҳои нафту гази Тоҷикистон, ки ширкати «Тетис Тоҷикистон Лимитид» дар ихтиёр дорад, гузориш дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки имрӯз аллакай истихроҷи газ дар кони Комсомолски наздикии шаҳри Душанбе ва кони Хоҷа Сартези шаҳри Кӯлоб оғоз ёфтааст ва рӯзҳои наздик интиқоли он низ ба ин ду шаҳр ба роҳ монда мешавад. Ширкати «Тетис Тоҷикистон Лимитид» ният дорад, ки зимистони равон ба шаҳри Душанбе ҳар шабонарӯз аз 15 то 100 ҳазор метри мукааб гази табиӣ интиқол диҳад. Дэвид Робсон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин бовар кунонд, ки ширкати «Тетис Тоҷикистон Лимитид» то охири соли 2010 метавонад дар таъмини пурраи аҳолӣ ва саноати Тоҷикистон бо гази табиӣ нақши намоён гузорад. «Барои расидан ба ин ҳадаф вориднамоии техникаю таҷҳизот, технологияи иловагӣ ва ташкили корҳои омӯзишию истихроҷӣ бо сифат ва суръати баланд идома доранд», таъкид намуд Девид Робсон. Ба андешаи ӯ Тоҷикистон имкон дорад, дар давоми ду-се соли оянда эҳтиёҷоти худро бо гази табиӣ худӣ пурра таъмин намояд. Дэвид Робсон пешрафти намоёни фаъолияти ширкати «Тетис Тоҷикистон Лимитид»-ро ҳамчунин нишонаи возеҳ аз фазои мусоиди сиёсӣ ва инвеститсионии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки мутобиқи созишномаи нави бо Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон баимзорасида ширкати мазкур бо сарфи 10 миллион доллари амрикоӣ корҳои зилзиласанҷиро низ ба роҳ мемонад.Дар мулоқот ҳамчунин оид дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






