МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ВЛАДИМИР ПРЯХИН
Қӯрғонтеппа, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Зимни мулоқоти раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов бо роҳбари Маркази Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе Владимир Пряхин масъалаҳои ҳамкории маъмурияти вилоят бо Маркази САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси вилоят дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят маълумот дода, зикр намуд, ки роҳбарияти он барои афзун гардондани дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт тадбирҳои самарабахш меандешад. Ғ.Авзалов пешрафти соҳаҳои саноат ва энергетикаро махсус таъкид кард. В.Пряхин изҳор намуд, ки Маркази САҲА дар Душанбе ба амалӣ сохтани барномаҳое мусоидат мекунад, ки ба пешрафти иқтисодиёти минтақа кӯмак мерасонанд. Ӯ дар замина ба ҳалли барномаҳои экологӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






