МУЛОКОТИ Э. РАҲМОН БО Н. НАЗАРБОЕВ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд. Дар вохўрӣ масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, муносибатҳои байнибонкӣ, энергетика, кишоварзӣ, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд. Аз сатҳи муносибатҳои стратегии байни Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Суръат бахшидан ба сармоягузориҳои Қазоқистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, як нерўгоҳи миёнаиқтидори обӣ дар болои яке аз шохобҳои дарёи Вахш ва дигар тадбирҳо зарур шумурда шуд. Сарони ду давлат қарор карданд, ки баҳри коҳиш додани таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ ҳамгироиҳоро тақвият диҳанд. Қарор дода шуд, ки Қазокистон дар мавсими зимистони солҳои 2008-2009 ба Тоҷикистон содироти гандум, сўзишвории дизелӣ ва мазутро афзун намояд. Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба масоили танзими муҳоҷирати меҳнатӣ зоҳир гардид. Пешниҳод гардид, ки вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар намояндагии худро оид ба муҳоҷират дар пойтахтҳои ҳамдигар дошта бошанд. Дар вохўрӣ ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои муштарак дар чаҳорчўби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва доир ба дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳ, аз ҷумла масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва авзои кунунии Афѓонистон гуфтугў сурат гирифт.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






