МУОВИНИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХЕЛСИНКИ
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар Хелсинки мулоқоти вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо баргузор гардид. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Абдулло Юлдошев иштирок дорад. Иштирокчиёни мулоқот масъалаҳои бартараф сохтани ихтилофотро дар байни мамлакатҳои аъзои созмон бо роҳҳои мусолиматомез ва гуфтушунид муҳокима мекунанд. Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳайати Тоҷикистон дар Хелсинки бо намояндагони баъзе давлатҳои аъзои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо силсилаи мулоқотҳо анҷом медиҳад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






