МУШКИЛОТИ НАРАСИДАНИ ГАЗ ҲОЛО ҲАМ МУШОҲИДА МЕШАВАД
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои сардори корхонаи «Қӯрғонтеппагаз» Қутбиддин Хоҷаев, соли ҷорӣ боз ду чоҳи нави кони гази Қизилтумшуқ ба истифода дода шуд. Аз кони гази Қизилтумшуқ беш аз 50 ҳазор нафар аҳолии ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Бохтар, Сарбанд ва шаҳри Қӯрғонтеппа истифода мебаранд. Ба шарофати истифода аз гази маҳаллӣ, мушкилоти таъмири лӯлаи гази байни вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон кам шуд, аммо мушкилоти нарасидани газ ҳоло ҳам ҳис карда мешавад. Зеро дар вилояти Хатлон корхонаҳои зиёде сохта шудаанд, ки бо қувваи газ кор мекунанд. Ин боис шуд, ки гази Қизилтумшуқ дар фасли зимистон аз рӯи реҷа дода шавад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






