МУСОБИҚАИ ТУФЛИПАРРОНӢ ДАР ЭРОН
Тэҳрон, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Радиостансия «Эхо Москвы»).- Имрӯз дар пойтахти Эрон мусобиқаи туфлипарронӣ ба сӯи сурати Президенти ИМА Ҷорҷ Буш баргузор мегардад. Ин мусобиқа баъди адои намози ҷумъа дар ҳудуди Донишгоҳи Теҳрон гузаронида мешавад. Дар бораи қоидаҳои гузаронидани мусобиқа ва муукофотҳои он ягон хабар нарасидааст.Ҳадафи мусобиқа изҳори ҳамдилӣ бо хабарнигори ироқӣ мебошад, ки чанде пеш зимни нишасти матбуотии Президенти ИМА ва сарвазири Ироқ ба сӯи Ҷ.Буш туфлиҳои худро партофта буд. Тавре хабар дода шуда буд, хабарнигори ироқӣ Мунтазир Алзайбӣ, ки дар толор ҳузур дошт, ногаҳон аз ҷои худ бархоста туфлиҳояшро бо навбат ба сӯи Ҷ.Буш ҳаво дод.Ба Ҷ.Буш муяссар шуд, ки сарашро яктарафа карда аз зарбаи туфлиҳо халос шавад. Маъмурияти ширкати хусусии телевизионии Ироқ, ки Мунтазир Алзайдӣ дар он ҷо кор мекунад, то ҳол дар бораи аз кор рондани ӯ ягон қарор қабул накардааст. Дар изҳороти расмии ширкати мазкур гуфта мешавад, ки ин иқдоми журналист ба принсипҳои озодии сухан ва демократия пурра мувофиқат мекунад ва ин пинсипҳоро худи ИМА ба гардани мардуми Ироқ бор кардан мехоҳад. Корхонаи пойафзолбарории Туркия, ки туфлиҳои ба сӯи Президенти ИМА партофташуда дар он дӯхта шуда буд, дар давоми чанд рӯз машҳур гашт. Маблағи даромади он дар ин муддат 4 баробар афзуда, тақрибан ба 300 ҳазор доллари ИМА расид. Қайд кардан лозим аст, ки барои дӯхтани чунин туфлиҳо ба корхона аз ИМА 18 ҳазор фармоиш ворид гардид. Мунтазир Алзайдӣ айни ҳол дар маҳбас нигоҳ дошта мешавад.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






