МУСОФИРИ «ГАЗЕЛ-3221» БА ГУНОҲАШ ИҚРОР ШУД

Декабрь 25, 2008 11:56

Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар дидбонгоҳи Сурхоб мошини мусофирбари тамғаи «Газел-3221» (рақами давлатияш ВР 3794 РТ 01) Нурулло Алимови 59-соларо боздошт намуданд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз борхалтаи мусофири мошин — Файзинисо Ғозиеваи 30-сола 2 килограмму 460 грамм бангдона ёфт ва мусодира гардид. Дар рафти тафтиш Ф. Ғозиева иқрор шуд, ки маводи нашъадорро аз шаҳрванд Ҳотам Шамсиддинов гирифтааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.     

Декабрь 25, 2008 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид