НАМОИШИ КИТОБ ТО ОХИРИ СОЛ ИДОМА МЕЁБАД
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба 100-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров дар Китобхонаи кӯдаконаи ба номи Мирсаид Миршакар таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров муаррихи забардаст» намоиши китоб баргузор шуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Китобхонаи кӯдакона М. Афғонов хабар дод, дар доираи ин намоиш кормандони китобхона ва адибони ҷумҳурӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамони Тоҷикистон Б. Ғафуров сухан гуфтанд. Зикр гардид, ки саҳми ӯ дар рушди таърихи тамаддун ва ғановати миллии халқи тоҷик беҳамтост. Дар намоиши мазкур беш аз 40 китобу мақола, ки ба фаъолияти Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, пешкаши ҳозирин гардид. Намоиши китоб то охири сол идома хоҳад ёфт.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






