НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ДАР ВАЗОРАТ

Декабрь 23, 2008 16:18

          Душанбе,  23  декабр. (АМИТ «Ховар»,   Людмила  Дубинина). – Чанд  рӯз  пеш  дар  вазорати  энергетика  ва  саноати  Тоҷикистон   намоишгоҳи  маҳсулоти  саноатӣ  кушода  шуд. Дар  он  маҳсулоти  бештар аз  130   корхонаи  саноатии  мамлакат  намоиш  дода  мешавад. Сармутахассиси  раёсати   илму  техника  ва технологияи  вазорат Ҳусниддин Набиев  зикр  кард, ки  дар  ин  ҷо   қариб  480   намуди  маҳсулот  ва  акси  навъҳои  гуногуни  маснуоти  корхонаҳои  саноатии  мамлакат   намоиш  дода  мешаванд. Яке  аз  онҳо  корхонаи  брикетбарорӣ  мебошад. Маҳсулоти  корхона  асосан   барои  гарм  кардани  хонаҳо  истифода бурда  мешавад. Дар  шӯъбаҳои  дигари  намоишгоҳ  маҳсулоти  корхонаю  муассисаҳои   истихроҷи  маъдан,  фулузгудозӣ,  фулузоти  ранга,  корхонаҳои  саноати  кимёвӣ,  сабук,  озуқа  ва  ғайра   пешкаши  тамошобинон  гардонда  мешавад. Ҳ. Набиев   зикр  кард, ки  ояндаи  наздик дар  заминаи  намоишгоҳ  осорхонаи  маҳсулоти  саноатӣ  ташкил  карда  хоҳад  шуд.  

Декабрь 23, 2008 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид