НАРХИ МОЛИ БОЗОР АРЗОН МЕШАВАД
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Дар арафаи иди Соли нав дар бозорҳои пойтахт болоравии нархи озуқаворӣ пешбинӣ карда намешавад. Мувофиқи маълумоти вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, нархи навъҳои асосии маводи хӯрока мисли соли гузаша буда, амалан тағйир наёфта аст ва ҳатто нисбатан арзон шуда аст. Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ дар давоми 10 моҳи гузаштаи соли равон ба мамлакат 443,8 ҳазор тонна орд ва 184,2 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст. Имрӯз нархи як халта орди 50 килограммаи навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон аз 95 то 100 сомонӣ ва нархи 1 литр равғани наботӣ аз 6 то 8 сомонӣ мебошад. Нархи ҳамаи навъҳои биринҷ рӯзҳои охир то 2 сомонӣ арзон шудааст. Ҳоло як килограм биринҷро ба ивази аз 4 то 10 сомонӣ харидан мумкин аст. Имрӯзҳо нархи маводи озуқае нисбатан паст гардидааст, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз дар бозорҳои пойтахт нархи як килограм гӯшти гов 17 сомонӣ, картошка 1,5 сомонӣ, сабзӣ 1 сомонӣ ва як литр равғани пахта 5 сомонӣ мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






