НОМА БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Декабрь 11, 2008 15:44

            Имрӯз, 11 декабри соли 2008 ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ректори Донишгоҳи милли Киев ба номи Тарас Шевченко Леонид Губерский нома расид. Дар он иттилоъ дода мешавад, ки бо қарори Шӯрои илмӣ аз 8 декабри соли 2008 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон унвони Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко дода шуд. Дар нома ҳамчунин омада аст:                  «Бо ин Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко хидматҳои шоёни Шуморо дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни халқҳои бародар дар соҳаҳои илму фарҳанг, шинохти нақшу мақоми маориф дар ҷомеа ва рушди муносибатҳои байнидонишгоҳӣ таъкид менамояд». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 11, 2008 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд