НОМИ ОҲАНГСОЗИ МАЪРУФ БА КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ ГУЗОШТА ШУД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон номи ташкилкунанда ва ректори собиқи он Талаб Сатторов гузошта шуд. Ба ин муносибат 25 декабр дар дар ин ҷо ҷамъомади серодам баргузор мегардад. Т.Сатторов ташаббускори таъсиси Консерваторияи миллӣ ва то соли 2007 ректори он буд. Ҳамон сол Т.Сатторов аз олам даргузашт. Ба ҷойи ӯ нафари дигар таъин гардид, вале ёди ташкилкунандаи ин боргоҳи ҳунар то имрӯз дар ёди ҳаводорону мухлисони санъати волои миллӣ зинда аст. Ба муносибати гузоштани номи оҳангсози маъруф ба консерватория консерти калон баргузор хоҳад гашт. Дар он асарҳои мусиқии Т.Сатторов дар иҷрои шогирдон ва ҳамкоронаш садо медиҳанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






