НОЗИРОНИ ТОҶИК БА АШҚОБОД МЕРАВАНД

Декабрь 6, 2008 12:26

                  Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар». Марзия Саидова).- Намояндагони Тоҷикистон аз ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ дар Туркманистон, ки 14- уми декабри соли 2008-ум баргузор мегардад, мушоҳида мекунанд. Ҳайати нозирони тоҷик таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев 12-уми декабр озими Ашқобод мешавад. Дар ин хусус роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.                Ҳамчунин, барои мушоҳидаи ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ -Маҷлиси Туркманистон аз кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ нозирон даъват карда шудаанд. Дар маҷмӯъ беш аз 40 нозири хориҷӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, инчунин, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Ашқобод ҷараёни баргузории интихоботро дар ин кишвар мушоҳида менамоянд.                 Тибқи иттилои сомонаи интернетии Turkmenistan.ru, чанде пеш роҳбари ситоди намояндагӣ, муовини аввали котиби Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун зимни сафари худ ба Туркманистон ҳамроҳи роҳбарияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Туркманистон аз як қатор ҳавзаю қитъаҳои интихоботии шаҳру вилоятҳои ин кишвар боздид намуд. Вай бо ҷараёни омодагӣ ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ ошно гардид.   Ҳамзамон, ин сомона навиштааст, ки роҳбарияти Туркманистон ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффофу демократӣ ва бо иштироки нозирони байналмилалӣ гузаронидани интихоботи парлумонӣ тадбирҳои мушаххас андешидааст.  Коршиносон бар он ақидаанд, ки ин иқдоми раҳбарияти Туркманистон қадами ҷиддиест дар роҳи наздикшавии ин кишвар ба Ғарб, ки ҳадафи он ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати истихроҷи газу нафт дар кишвар мебошад.               Дар Туркманистон 125 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Бояд зикр кард, ки тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ин кишвар, ба Маҷлиси Туркманистон, ки аз як палата иборат аст, 125 вакил интихоб карда мешавад.

Декабрь 6, 2008 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид