ОФАРИДАҲОИ ОЛИМОНИ ТОҶИК ҲОСИЛИ ХУБ ДОДАНД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҳисор, дар соли ҷорӣ навъҳои зироату пахтае кишт карда шуд, ки онҳо офаридаҳои олимони тоҷик буданд. Дар хоҷагиҳои ноҳия аз навъҳои пахтаи миёнанахи «ВД-11» ва «Назирӣ» истифода бурда шуд, ки ба мақсад хеле мувофиқ буданд. Навъҳои гандуми «Сомонӣ» ва «Ориён», ки офаридаи олимони тоҷиканд ва ҳамчун навъҳои ояндадор қабул карда шудаанд, ҳосили хуб доданд. Соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои ноҳия навъи нахӯди «Ҳисор-32», навъи мушунги хӯрокӣ-«Серҳосил» ва навъҳои наски «Ҳисор-1», «Ҳисор-5», ки ҳамчун навъҳои ояндадор қабул карда шудаанд, мавриди истифодаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) қарор гирифтанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






