ОВОЗАҲОИ БЕАСОС

Декабрь 11, 2008 12:00

        Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Соли навӣ мелодӣ дар Тоҷикистон чун ҳарсола бо шукӯҳу шаҳомати анъанавӣ ҷашн гирифта мешавад ва барои ин ҳеҷ монеа вуҷуд надорад.         Овозаҳое, ки миёни мардум дар бораи имсол таҷлил нагаштани Соли нав паҳн шудаанд, ягон асосӣ воқеӣ надоранд.         Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили Соли нави мелодӣ дар паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави 2008 ба таври возеҳу равшан баён гашта буд ва он тағйир наёфтааст: — «Мо, тоҷикон дар давоми таърихи бостон солшумориҳои зиёди худиро, аз қабили суғдию хоразмӣ, суриёнию муҷал, хиҷрии шамсию қамарӣ доштем, вале аз рӯи анъанаи қабулшуда Соли нави мелодиро низ бо суруду шодмонӣ ҷашн мегирем».         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусан муассисаҳои таълимию тандурустиро қатъан вазифадор намуд, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ оид ба пешгирӣ аз сӯхтор ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ тадбирҳои судбахш андешанд.

Декабрь 11, 2008 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид