ПАХТАИ РАНГАИ САЛИМБЕК РАСУЛОВ АЗ ЛАБОРАТОРИЯ МЕБАРОЯД Ё НЕ?
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мудири кафедраи генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии ҷумҳурӣ Салимбек Расулов, ихтирои пахтаи рангаи навъи «Рӯдакӣ»-ро, ки маҳсули меҳнати чандинсолаи ӯ мебошад, дар сурати дастгирӣ ва маблағгузории давлатӣ дар истеҳсолот ба таври васеъ ба роҳ мондан мумкин аст. Пахтаи навъи «Рӯдакӣ» ба пахтаи навъи миёнанах дохил мешавад, аммо нахи он нисбатан боқувват ва мустаҳкам аст. Дар натиҷаи самаранок истифода бурдани техника ва технология, он аз як гектар то 40-45 сентнер ҳосил медиҳад. Аз 1 тонна нахи он хоҷагӣ метавонад то 12 ҳазор доллари амрикоӣ даромади соф ба даст орад. Аз ин навъи пахта бе рангубори иловагӣ барои артиш ва кормандони низомӣ сарулибоси пурдошти замонавӣ истеҳсол кардан мумкин аст, агар он аз лабаратория берун оварда шавад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






