РАҲМОНҚУЛ ШАРИФОВ: «ЗАРУРАТ ПЕШ ОМАД, КИ ТАҶРИБАИ ЯКДИГАРРО ОМӮЗЕМ»
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси роҳбарияти Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ҷаласаи ҳамкории илмӣ — тадқиқотии ректорони донишкадаҳои такмили ихтисоси вазорату идораҳои давлатӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Раёсати хизмати давлатии дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, ректорони донишкада ва марказҳои такмили ихтисоси вазорату идораҳо иштирок доштанд. Ректори донишкада Раҳмонқул Шарифов зимни суханони ифтитоҳияш иброз дошт, ки Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ дар назди ҳар як шаҳрванд вазифаҳои азим, аз ҷумла бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, соҳиб гардидан ба истиқлолияти иқтисодӣ, энергетикӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ин ҷода эҳёи ғуруру худшиносии миллиро гузошт. «Аз ҳамин ҷиҳат, зарурат пеш омад, ки барои амалӣ гардидани ин нияти нек мо таҷрибаи якдигарро омӯзем ва онро дар пешбурди ҷомеа самаранок истифода барем»,- таъкид намуд Раҳмонқул Шарифов.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






